Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама роҳии ҷануби Тайван шудааст


Раҳбари рӯҳонии тибетиҳо Далай Лама шоми якшанбе аз Ҳинд вориди Тайван гардида, роҳии минтақаҳои офатзадаи ҷануби ин ҷазира шуд. Далай Лама ба хотири дуъо хондан дар ҳаққи қурбониёни тӯфону обхезиҳои ахири марговар ба ҷануби Тайван сафар мекунад. Аммо мақомоти Чин аз қабл ҳушдор доданд, ки ин боздиди Далай Лама метавонад муносиботи рӯ ба нармӣ овардаи байни Пекин ва ин ҷазираи мустақилро дигарбора хадшадор кунад. Мақомоти Тайван мегӯянд, кадом мулоқоти мақомоти расмӣ бо Далай Лама барномарезӣ нашудааст. Аммо Чин Далай Ламаро раҳбари ҷудоиталабоне мешиносад, ки истиқлолияти Тибетро тақозо доранд. Тайван ҳанӯз соли 1949 дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ аз Чин ҷудо шуд, вале дар ин авохир равобиташ бо Пекин ба хусус дар соҳоти иқтисодӣ рӯ ба беҳбуд овардааст.
XS
SM
MD
LG