Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори бам қатори мошинҳо оташ гирифт


Шабонгоҳи рӯзи якшанбе дар шаҳри Чаман, воқеъ дар ғарби Покистон дар наздикии марзи Афғонистон дар натиҷаи инфиҷори бам як мошини борбар оташ гирифт ва оташи он ба чанд мошини дигар гузашт. Ин қатори мошинҳо барои нируҳои НАТО дар Афғонистон бор мебурданд. Бино ба гуфтаи мақоми пулиси маҳаллӣ, бам дар зери мошини ҳомили бензин кор гузошта шуда будааст ва оташи он ба зудӣ мошинҳои дигарро низ фаро гирифтааст. То ҳол касе масъулияти ин бамгузориро бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG