Сохтмони ин нақб бо тӯли 2224 метр, роҳи даромаду баромади 5 километр ва пуле бо дарозии 180 метр, тирамоҳи соли 2006 оғоз шуда буд ва барои сохтмони он ҳукумати Чин 38 миллион доллар қарзи дарозмуддат ихтисос дода буд.
Нақби Шар-Шар дар баробари шоҳроҳи Душанбе-Чанак, нақби Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Лолазор-Хатлон ва Ҷануб-Шимол аз намунаи сармоягузориҳои бузурги Чин дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Президент Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз соли нахусти истиқлол дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи Чинро эҳсос мекунад.
Нақби Шар-Шар роҳ аз Душанбе ба Кӯлобро 7 километр камтар ва 40 дақиқа кӯтоҳтар мекунад.
Дар суханронии президент Раҳмон, ки дар торнамои расмияш нашр шудааст, омадааст, аз соли 2000-ум то имрӯз дар кишвар бо сарфи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 километр роҳҳои таъйиноти гуногун таъмиру таҷдид гардида ё роҳҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ҳукумат ҳадаф дорад, то бо ҷалби зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ азнавсозии 400 километр роҳҳои мамлакат ва сохтмони оғозгардидаи пулу нақбҳои оғозкардаро пурра анҷом дода, кишварро то ҷашни 20-солагии истиқлол аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо намояд.
Шарҳҳоро бинед (9)
Боз кардани шарҳи бештар