Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷавоҳироти Романовҳо дар бойгонии Шветсия


Шветсия мегӯяд, аз бойгонии давлатиаш як баста ҷавоҳироти марбут ба хонаводаи подшоҳи охирини Русия Николайи дуввумро кашф кардааст. Стокҳолм мегӯяд, ин бастаи ҷавоҳирот беш аз 90 сол дар кунҷи фаромӯшӣ хоб буд.
Аммаи подшоҳи охирин князхонуми бузург Мария Павловна Романова баъд аз инқилоби болшевикии соли 1917 ин ҷавоҳиротро дар сафорати Шветсия дар Санкт-Петербург амонат монда буд. Як мақоми вазорати умури хориҷии Шветсия ба Радиои Шветсия гуфт, ин ҷавоҳирот соли гузашта замони кӯчонидани бойгонии ин вазорат кашф шудааст. Шветсия ин ҷавоҳиротро, ки арзишаш 2,8 миллион доллар будааст, алакай ба хонаводаи Романовҳо баргардонд ва он моҳи ноябр дар як музояда дар Лондон ба фурӯш гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG