Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, варзишгари машҳур, Расул Боқиев ба хулосае расид, ки ба Тоҷикистон даркор нест ва набояд аз номи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ширкат кунад?

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо байни мардону занон дар шаҳри Роттердами Ҳуланд бо ширкати 540 варзишгари 99 кишвари 5 қораи ҷаҳон ҷараён дорад.

Шарафи Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ 6 паҳлавон – Ҷамшед Халилов (дар вазни то 60 кг), Фарҳод Раҳимов (то 73 кг), Шералӣ Бозоров (то 81 кг), Парвиз Собиров (то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) ва Шавкат Иқболов (+100 кг) ҳимоя мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар вазни то 73 кг Тоҷикистонро дар мусобиқоти байнулмилалӣ одатан паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии сабқати ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпӣ, намояндагӣ мекард. Вале ӯ дар мусобиқаи имсола ширкат надорад. Чаро? Ба ин ва дигар суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ меҳмони барнома Расул Боқиев посух медиҳад.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG