Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилои раёсати корҳои дохилии Бадахшон, дучархаи шаҳрванди Шветсия Рикард Салевик, ки дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон аз ҷониби афроди ношинохт рабуда шуд, ёфт гардида, ба соҳибаш супурда шуд.

Навбатдори шӯъбаи минтақавии милисаи Поршнев Исфандиёр Шоҳинбеков гуфт, дучарха аз як бинои беодами назди роҳи мошингард ёфт шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, эҳтимол меравад, касе аз шумули наврасон ва ё ҷавонони маҳал дучархаро рабуда, пас аз якчанд километри ҳаракат бо он аз тарси ба даст афтодан дучархаро дар бинои холӣ монда, ғайб задааст.

Рикард Салевик аз фаъолияти мақомоти минтақавии дохила ва сокинони маҳаллӣ изҳори сипос намуд.

Шаҳрванди Шветсия Рикард Салевик ва шаҳрванди Фаронса Жан Фредерик Гавин бо дучархаронӣ аз Осло то ба Пекин ҳадаф доранд, 16 ҳазор километрро паймоянд. Қаблан, ин ду нафар дар ватанашон ба мақсади ёрӣ ба ҷавонони тоҷик 17 ҳазор доллар маблағи хайрия ҷамъоварӣ намуданд. Қарор аст, бо ин маблағ Бунёди Евразия бо ҷалби хонаводаҳои камбизоат лоиҳаҳои дӯзандагӣ ва пазандагӣ дар ноҳияи Ваҳдат ва рушди асалпарварӣ дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнонро амалӣ созад.

Ба гуфтаи Салевик, алҳол ҳамсафараш дар дар маҳалли Гармчашмаи Ишкошим қарор дорад. Салевик гуфт, бо ёфт шудани дучарха пас аз чанд соат вай ба ҳамсафараш мепайвандад ва онҳо роҳро ба сӯи Пекин идома медиҳанд.


Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG