Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко меҳмони Медведев мешавад


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия ва Александр Лукашенко - ҳамтои белоруси ӯ, имрӯз дар шаҳри Сочӣ дидору гуфтӯгу мекунанд. Раҳбари Ҷумҳурии Белорус умедвор аст, ин мулоқот танишҳои ахир миёни ду кишварро рафъ хоҳад кард. Ин мулоқот ду моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Русия воридоти тавлидоти ширии Белорусро мамнӯъ ва ба гуфтаи Александр Лукашенко, кишоварзони Ҷумҳурии Белорусро нафасгир кард. Худдории Русия аз додани қарзи ваъдагӣ ба Ҷумҳурии Белорус низ равобити ду кишварро бад кард. Русия аз тарси муфлис шудани Ҷумҳурии Белорус ба ин кишвар қарз надод.
XS
SM
MD
LG