Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли бо Русия ва бе ҷаҳон


Сергей Багапш, раҳбари Абхазистон ҷашнро аз поси хотири кушташудагон шурӯъ кард
Сергей Багапш, раҳбари Абхазистон ҷашнро аз поси хотири кушташудагон шурӯъ кард

Аз рӯзе, ки Русия истиқлоли давлатии ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон, яъне, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро ба таври расмӣ шинохт, як сол гузашт. Тақрибан ҳеҷ кишваре ин ибтикори Русияро дастгирӣ накард. То ҳол ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ ба истилоҳ "байни замину осмон" қарор доранд.

Дар чунин вазъ ҳамкориҳои кишварҳои дигар бо ин ду қаламрави ҷудоихоҳ чӣ гуна анҷом мегирад ва вокуниши Гурҷистон ба чунин ҳамкориҳо чӣ тарз аст?

Ҳафтаи гузашта як киштии Туркия, ки барои Абхазистон маводи сӯхт интиқол медод ва як киштии дигари Туркия, ки бо оҳанпора ба сӯи Туркия шино мекард, аз тарафи марзбонони соҳилии Гурҷистон нигоҳ дошта шуданд. Гурҷистон мегуфт, ин ду киштӣ муқаррароти тиҷорат бо ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро риоят накардаанд. Ин пешомад эътирози Абхозистонро барангехт ва баъд аз як соли эътирофи Русия эътирози худро мантиқӣ медонад.

Баъд аз ҷанги соли гузашта ва ҷанги солҳои навадум дар ин ду қаламрав рӯҳияи зиддигурҷӣ реша гирифтааст ва оташи ин рӯҳияро матбуоти зери назари Русия доман мезанад.

Коршиносон бозгашти онҳо ба контроли Гурҷистонро ғайримумкин ва ҳатто берун аз имкон медонанд. Ба назар намерасад, ки эътироф нашудани онҳо аз сӯи Амрико ё кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чунин вазъро дар ояндаи наздик тағйир диҳад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳар қадр, ки чунин вазъ идома ёбад, ба ҳамон андоза Русия ин қаламравҳоро зери контроли худ медарорад. Маскав ба таври расмӣ мегӯяд, ки дар Абхазистон ва дар Осетияи Ҷанубӣ 7 600 нафар ниру дорад, вале таҳлилгарони мустақили низомӣ мегӯянд, ки ин нируҳо 10 000 нафарро ташкил медиҳанд. Абхазистон ҳамчунин назорат бар фурудгоҳ, роҳҳои оҳан ва марзҳоро дар ихтиёри Русия гузоштааст. 12-уми август Владимир Путин ҳангоми боздид аз Абхазистон қавл дод, ки барои эҷоди пойгоҳи низомии Русия дар Абхазистон ва таҳкими марзҳои он 460 миллион доллар кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG