Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Кеннедӣ аз саратони мағзӣ даргузашт


Эдвард Кеннедӣ-сенатори Амрико баъд аз як соли мубориза бо бемории саратони мағзӣ дар сини 77-солагӣ даргузашт. Вай яке аз шахсиятҳои муҳим дар Ҳизби Демократи Амрико ва аз сенаторони бонуфуз ва собиқадори Амрико буд. Эдвард Кеннедӣ бори аввал 47 соли қабл ҳангоме, ки бародараш Ҷон Кеннедӣ раиси ҷумҳури Амрико буд, сенатор интихоб шуд. Бародараш дар соли 1963 дар сӯиқасде ба ҳалокат расид. Эдвард соли 1980 худро аз Ҳизби Демокарат номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард вале, мусобиқаро ба Ҷиммӣ Картер бохт. Кеннедӣ аз ҳомиёни фаъоли Барак Обама буд ва ҳимояти вай аз Обама дар интихоботи соли 2008 нақши бориз дошт. Кеннедӣ он вақт чунин гуфта буд:

"Ман ифтихор мекунам, ки дар паҳлӯи вай қарор дорам ва кӯмаки худро, райи худро, нирӯи худро, таъаҳҳудоти худро барои расидан ба мақоми президенти ояндаи Амрико ба вай пешниҳод мекунам".

Имрӯз Обама гуфт, бо даргузашти Эдвард Кеннедӣ Амрико "як раҳбари бузург"-ро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG