Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Сурияву Ироқ авҷ гирифтааст


Бо авҷ гирифтани ҷанҷол миёни Ироқу Сурия ҳарду тараф сафирони худро ба кишварҳояшон фаро хондаанд. Ироқ иддаъо мекунад, ки ду муттаҳам дар бомбгузориҳои хунини ҳафтаи гузашта дар Бағдод дар хоки Сурия паноҳ мебаранд. Ҷанҷол баъд аз он сар зад, ки ҳукумати Ироқ аз Сурия хост, ин ду нафарро ба Бағдод бисупорад ва ҳамчунин гуфт, сафири Сурияро ба вазорати умури хориҷа эҳзор мекунад. Баъд аз ин Сурия сафирашро аз Бағдод фаро хонд. Пештар аз баёнияҳои ҳукумати Бағдод, як ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ масъулияти бомбгузориҳои Бағдодро бар дӯш гирифт, ки дар натиҷаи ин бомбгузориҳо, 95 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG