Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои 4 номзади пешсафи интихоботи Афғонистон


Комиссияи марказии интихоботии Афғонистон натиҷаҳои бахше аз орои интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълон кард. Он гуна, ки аз ин натиҷаҳо дида мешавад, ду номзади аслӣ Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷаи ин кишвар дар натиҷаҳои интихобот ба ҳам хеле наздиканд. Довуд Алӣ Наҷафӣ-корманди расмии Комиссияи марказии интихоботӣ ба рӯзноманигорон чунин гуфт:

"Аз маҷмӯи орое, ки бо эътибор шинохта шуда, ҷаноби мӯҳтарам Ҳомид Карозай дар ҳудуди 212 927 рай гирифтааст. Ҷаноби мӯҳтарам доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳудуди 202 889 рай гирифтааст. Ҷаноби мӯҳтарам Рамазони Башардӯст дар ҳудуди 57 740 рай гирифтааст. Мӯҳтарам Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ҳудуди 15 143 рай гирифтааст"

Тибқи ин натиҷаҳои нотамом Карзай 41 дарсад ва Абдуллоҳ 39 дарсад рай ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG