Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами калони сармояи қазоқӣ ба сӯи Душанбе


Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон моҳи октябр ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Абӯтолиб Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, раёсати бунёд дар Душанбе ҷойгир хоҳад шуд, сарварии онро қазоқ ва муовинаташро тоҷик ба зимма хоҳанд дошт, зеро 80 дарсад аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармояи бунёдро Остона ва 20 дарсадро Душанбе ворид мекунанд.

Абӯтолиб Аҳмадов: «Мева ва натиҷаҳои нахустини бунёдро бо ҳам мебинем. Аммо барои он ки Бунёд муназзам фаъолият кунад, Тоҷикистон бояд тарҳҳоеро пешниҳод кунад, ки фоидаовар бошанд. Бунёд ба тарҳҳои иқтисодӣ, қабл аз ҳама энержӣ қарз медиҳад. Ҷониби Қазоқистон умедвор аст, ки Тоҷикистон ҳарчӣ бештар тарҳҳояшро пешниҳод ва Бунёд зудтар ба кор шурӯъ мекунад»

Тавофуқ рӯйи эҷоди ҳамчунин бунёд ду сол ба ин сӯ миёни Тоҷикистону Қазоқистон баҳс мешуд ва дар сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Остона тавофуқ рӯйи он ҳосил шуда буд. Бунёди муштараки сармоягузорӣ аввалин ниҳоди молиявие хоҳад буд, ки сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистонро танзим хоҳад кард. Оқои Аҳмадов гуфт, агар сармояи Бунёди муштараки сармоягузорӣ 100 миллион доллар аст, имкони ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб кардани беш аз 1 млрд. доллар низ вуҷуд дорад.

Тибқи иттилои сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, соли гузашта табодули мол миёни ду кишвар беш аз 300 млн. долларро ташкил додааст. Аммо дар нимсолаи аввали соли равон бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳаҷми табодули мол 1,6 дарсад коҳиш ёфта, 144 млн. долларро ташкил додааст. 95 дарсади табодули мол ба Қазоқистон ва бақия ба Тоҷикистон рост меояд. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти гандумӣ ва сӯзишворӣ, аз Тоҷикистон ба Қазоқистон меваи хушку тар ва пахта содир мешавад.

Қазоқистон яке аз кишварҳои сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ҳоли ҳозир, тибқи иттилоъи расмӣ, миёни ду кишвар беш аз 50 корхонаи муштарак фаъолият мекунад. Қазоқистон умдатан ба соҳаи коркарду истихроҷи маодин, энержӣ, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ сармоягузорӣ мекунад, ки то ба ҳол ҳаҷми он аз 100 миллион доллари амрикоӣ боло рафтааст.

Коршиносон мегӯянд, Қазоқистон дар қиёс бо дигар қудратҳои ҷаҳонии сармоягузор дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои сиёсӣ бархӯрдор аст, масалан, узвияти ҳарду дар созмонҳои минтақавӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон. Онҳо мегӯянд, аммо мавқеҳои мухталифи Русия ва низ Ӯзбакистон дар пружаҳои энерживу тақсими оби минтақа ҳамеша Остонаро водор мекунанд, ки рӯйи баландпарвозиҳояш дар Осиёи Марказӣ андеша кунад.
XS
SM
MD
LG