Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузорӣ дар ду мусофирбар дар Ироқ


Дар Ироқ бар асари инфиҷори бомбҳои ҷогузоришуда дар ду мусофирбар дасти кам даҳ нафар ҳалок ва даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиши аввал дар 15 километрии шаҳри Кут маркази вилояти Восит ба вуқӯъ пайвастааст ва бомби дигар дар 40 километрии шимоли ин шаҳр. Ҳарду таркиш ҳам дар маҳаллҳои умдатан шиъанишин сурат гирифтааст. Як ҳафта пештар аз ин, дар натиҷаи бомбгузориҳо дар назди қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Бағдод дасти кам 95 нафар ҳалок ва ҳудуди 600 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG