Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин видео аз Шириншо Шотемур


Бо талоши пажӯҳишгарон нахустин тасвири зиндаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур дастрас гардидааст.

Шириншо Шотемур дар наворҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00
Линки мустақим


Ин навори видеоиро пажӯҳишгари ҳаёт ва фаъолияти Шириншо Шотемур журналист ва нависанда Қурбони Аламшо муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи пажӯҳишгар, ин ду навори видеоӣ дар бойгонии давлатии симо ва сурати шаҳри Красногорски вилояти Масакав нигоҳдорӣ мешаванд. Вай афзуд, дар яке аз ин тасвирҳо Шотемур ҳангоми таҷлили 19-солагии Инқилоби Октябр дар Душанбе ва дар дигаре дар вокзали Қазони Маскав дар қатори даъватшудагони анҷумани ҳизбӣ дар соли 1930 акс ёфтааст.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар, дар ҷараёни кор дар бойгониҳои ватанӣ ва Русия, ки дар доираи омодагӣ ба 110- солагии зодрӯзи қаҳрамон
сурат гирифтааст, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои нав дастрас шуданд, ки барои пурра намудани симои сиёсии Шотемур нақши муҳим доранд. Ӯ мегӯяд, дар қатори номаи таърихии Шотемур ба Сталин дар мавриди мақоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, ки дар заминаи мушкилоти марзбандиӣ дар минтақа иншо шудааст, ҳамчунин, мактубҳои дигари Шириншо ба роҳбарияти вақти кишвар ёфт шуданд, ки аз талошҳояш барои ташкили ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва пас аз чанде ин ҳуҷҷатҳоро хонандагон ба шакли як маҷмӯъа дар даст мегиранд.

Пажуҳишгар афзуд, ҳамчунин, ба ҳайси яке аз муассисони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар шумораи саввуми ин рӯзнома акси Шотемур чоп шудааст. Гуфта мешавад, наворҳои зиндаи Шотемур ҳамчунин дар бойгонии давлатии кино ва сурати Тоҷикистон вуҷуд доштаанд, аммо бо ҳабс ва душмани халқ эълом шудани Шотемур дар соли 1937-ум ин наворҳо нобуд гардиданд.

Хонандагон бо ҳаёт ва фаъолияти Шириншо Шотемур аз китоби «Куҷое бошам бо тоҷикон бошам», ки
муаллифи он Қурбон Аламшоев мебошад, шинос ҳастанд. Дар авоили солҳои 20-уми қарни гузашта дар айни авҷи талошҳои миллӣ ва ҳудудӣ дар ҳоле, ки бархе аз тоҷикон мансубияти миллиашонро дигар мекарданд ва ё аз он парҳез менамуданд, Шотемур дар посух ба суоли дар куҷо кор кардан мехоҳед, дар варақаи пурсиш дарҷ кардааст, ки «Куҷое бошам, дар байни тоҷикон бошам».

Ба гуфтаи муаллиф, пас аз кор дар бойгониҳо вай китоби мазкуррро бо таҳрири нав, ки дар он бадеият куллан ҷояшро ба ҳуҷҷатҳо ва далелҳои таърихӣ додааст, ба хонандагон пешкаш мекунад.

110-солагии зодрӯзи Шириншо Шотемур тибқи қарори мақомоти вилояти тирамоҳи имсол дар Бадахшон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат, муҷассамаи қаҳрамон дар боғи фарҳангу фароғати шаҳр гузошта шуда, ҳамчунин, осорхонаи навсозишудаи Шотемур дар зодгоҳаш - деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон меҳмононро қабул мекунад.
XS
SM
MD
LG