Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуд ду фоиз зиёд шуд


Идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши босуръати аҳолӣ мехоҳад барномаи иловагии танзими оиларо роҳандозӣ кунад. Тибқи омори расмӣ, дар давоми шаш моҳи аввали соли 2009-ум дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз 31 ҳазор тифл ба дунё омадааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузаштаи 2008-ум ду фоиз бештар будааст.

Содиқ Долиев, як масъули идораи ҳифзи тандурустии Хатлон, дар ин робита гуфт, ҳамакнун ниҳодҳои беҳдоштӣ барои татбиқи дурусти барномаи ҳукуматӣ оид ба танзими оила талошҳо доранд ва хостори кӯмаки ҳукуматҳои маҳаллӣ низ шудаанд:
«Хазинаи Нуфуз 4 намуди маводҳои пешгирии ҳомиладориро ройгон таъмин мекунад. Мо ҳоло гурӯҳҳои корӣ ташкил дода, дар ҳар як шаҳру ноҳия, деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Тамоми фанноварии лозим ва варақаҳои иттилоотиро тақсим карда истодаем. Маводҳои контрасептивиро ба ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, медиҳем. Бо сокинони ҳар деҳа, бо 8-10 ҳазор нафар кор мебарем…»

Содиқ Долиев, корманди масъули идораи ҳифзи тандурустии Хатлон, ҳамчунин гуфт, аксари тифлони навзод фарзандони якум ё дуюми волидони худ будаанд ва шумори ағлаби модарон зери синни 22 будаанд. Вай афзуд, бисёре аз зану шавҳарони ҷавон дар авохири солҳои 80-уми асри гузашта таваллуд ёфтаанд, замоне ки ҳукумати Шӯравӣ аз сиёсати бисёрфарзандӣ кор гирифта, тавлиди тифлони зиёдро таблиғу қадр мекард. Аммо бар асоси таҳқиқу пешгӯиҳои мақомоти беҳдоштӣ, бо гузашти чанд соли дигар, мизони зоиши тифлон коҳиш меёбад, чун дар солҳои 90-ум, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шумори кӯдакони таваллудёфта кам будааст, ҳамон кӯдаконе, ки оянда падар ё модар шуда метавонанд.

Райҳона Мирзоева, сарпизишки маркази саломатии репродуктивӣ ва танзими оила дар Хатлон, мегӯяд, дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷануби кишвар пизишкони маълумотдору момодояҳои кордида намерасанд ва зимнан марказҳои саломатии репродуктивӣ наметавонанд ба ниёзмандон хидматрасонии ҳирфаӣ кунанд:
«Дар ноҳияи Носири Хусрав ва Ховалинг мо духтури касбӣ надорем ва марказҳои солимии репродуктивиро дар он навоҳӣ момодояҳо роҳбарӣ мекунанд. Аммо онҳо аз курсҳои махсус гузаштаанд. Марказҳои солимии репродуктивӣ дар чаҳорчӯби ду барнома кор мекунад – Барномаи солими репродуктивии аҳолӣ то соли 2014 ва Консепсияи сиёсати давлатии демографии аҳолӣ дар давраҳои соли 2003-2015. Ин барномаҳо моро вазифадор мекунанд, ки дар роҳи баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, таъмини аҳолӣ бо маводҳои пешгирии ҳамли номатлуб ва кӯшиш намоем, ки таваллуди хонагӣ кам шавад. Зеро ин бисёр хатарнок аст барои саломатии кӯдаку модар…»

Он гуна ки хонум Мирзоева таъкид кард, зоиши хонаводаӣ ва маргу мири модару кӯдак аз мушкилаҳои дигари қобили мулоҳиза дар Хатлон будааст.

Наздики 19 дарсад аз 31 ҳазор тифли навзод дар Хатлон дар манозили зист, дар шароити номусоид барои зоиш ва бе кӯмаки момодояҳо ба дунё омадаанд. Аз он миён, масалан дар ноҳияи Ховалинг 72 дарсад, дар Восеъ 35 ва дар Балҷувон 30 дарсади навзодон дар хонаҳо зода шудаанд. Ҳамин гуна зоиши хонагӣ боиси марги 7 модар ҳам гардидааст.
XS
SM
MD
LG