Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари густариши зукоми хук меафзояд


Шин Йонсу - як мақоми баландпояи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, имрӯз гуфт, густариши босуръати бемории зукоми хук дар моҳҳои оянда ҷони афроди зиёдеро дар хатар хоҳад гузошт. Вай аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои муқобилаи зуд ба ин беморӣ худро ба таври муносиб омода кунанд. Мудири бахши Уқёнусияи Ғарбӣ дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт имрӯз дар шаҳри Пекин гуфт, густариши босуръати беморӣ, хадамоти номуҷаҳҳаз ва ниёзманди тиббии кишварҳои дар ҳоли рушдро, таҳти фишори сахте қарор хоҳад дод. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, зукоми хук, ки ба сатҳи пандемия расид, то ҳол 1800 нафарро дар саросари ҷаҳон куштааст.
XS
SM
MD
LG