Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои пирӯзии ду номзад дар Афғонистон


Сандуқҳои раъй дар кумисюни интихобтии Қандаҳор.
Сандуқҳои раъй дар кумисюни интихобтии Қандаҳор.

Ду пешсафи асосии интихоботи Афғонистон мегӯянд, дар ин раъйдиҳӣ, пирӯз гаштаанд. Аммо кумиссюни интихоботии Афғонистон зид аст.

Эълони тақрибан ҳамзамони пирӯзии ду номзади асосии интихоботи Афғонистон, раисиҷумҳури феълӣ, Ҳомид Карзай ва рақиби ӯ, собиқ вазири умури хориҷӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, табрикномаҳои гарми ғарбиро сард кард ва хатари эътирозу тазоҳуротро ба миён овард.

Дар ҳоле ки эълони ҳарду номзад бар натиҷаҳои номукаммал асос ёфтааст, Иттиҳоди Аврупо ва сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул аз тарафҳо хостаанд, ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд ва интизори натиҷаҳои расмие бошанд, ки моҳи оянда нашр хоҳанд шуд.

Фиристодаи вижаи Амрико дар минтақа, Ричард Ҳолбрук дар Кобул гуфт, вай интизори инро дошт, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба баҳс кашида хоҳанд шуд. Аммо ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида аз ҳеҷ гуна натиҷаҳои муқаддамотӣ пуштибонӣ нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории олмонии ДПА ба нақл аз як нозири байнулмилалӣ гуфтааст, хеле камтар аз ними 17 миллион интихобкунандаи Афғонистон дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ширкати интихобкунандагон дар шимол ва ғарби кишвар хеле қавӣ -- 60 ва 50%, аммо дар ҷануб ва қисман шарқ байни 5 то 15 дарсадро ташкил додааст. Вале мақомоти расмӣ ҳанӯз арқомеро эълон накардаанд.

Субҳи 21-уми август, ситоди Карзай аз пирӯзии номзади худ хабар дод ва гуфт, Карзай раъйи кофие ба даст оварда, дар даври аввал ғалаба кард.

Раҳбари ситоди Карзай, Ҳоҷӣ Динмуҳаммади Муҳаммад гуфт, бар пояи маълумоти ситодҳои маҳаллии номзад ба андозае пуштибонӣ дидааст, ки ниёзе ба даври дувум боқӣ намемонад.

Саволи матраҳ дар арафа ва рӯзи интихобот ин буд, ки оё мубориза ба даври дувум хоҳад гузашт ё на. Ба ҳадси коршиносон, даври дувум барои Карзай метавонад, хатарнок бошад, зеро рақибони ӯ мумкин аст, тарафдорони худро ба пуштибонӣ аз Абдуллоҳ даъват кунанд.

Дар ин байн ситоди Абдуллоҳ низ номзади худро пирӯз эълон кард. Сайидоқо Фозили Сангчаракӣ, сухангӯи ин ситод ба хабаргузориҳо гуфт, аз рӯи ҳисобу китоби намояндагони номзад дар ҳавзаҳои интихоботӣ, Абдуллоҳ наздик ба 62-63 ва Карзай 31-32 дарсад раъй гирифтаанд.

Сангчаракӣ ба рӯзномаи "Тайм"-и Лондон инро ҳам гуфтааст, ки эълони ӯ натиҷаҳои интихобот дар вилояҳои Қандаҳор, Ғазнӣ ва Вардакро, ки асосан паштунишин буда, нуфузи Толибон дар онҳо зиёд аст, фаро намегирад.

Пас аз чанд соати баста шудани ҳавзаҳо, ситоди Абдуллоҳ аз тақаллуби густарда дар се вилояти ситоди Афғонистон хабар дод ва худи Абдуллоҳ дар нишасти хабарӣ дар Кобул ба ин хилофкориҳо ишора кард, вале афзуд, гумон намекунад, натиҷаҳои умумӣ низ ҳадафи тақаллуб қарор бигиранд.

Яке аз номзадҳои дигари муҳим дар рӯзи раъйдиҳӣ аз мақомот хост, интихоботро боздоранд, зеро тавонистааст, ранги ангушташро бишӯяд. Дар ҳоле ки ин ранг набояд ба осонӣ шуста шавад ва аз раъйдиҳии такрорӣ ҷилавгирӣ кунад.

Зоҳиран эълони ҳарду номзад дар бораи пирӯзияшон дар интихобот ба Кумиссюни мустақили интихоботии Афғонистон хуш наомадааст.

Сухангӯи он, Нурмуҳаммади Нур гуфт, то замоне ки натиҷаҳои расмӣ муайян нашудаанд, ҳеҷ кас наметавонад, худро ғолиби интихобот эълон кунад. Вай афзуд, натиҷаҳои пешакӣ рӯзи 3-вум ва ниҳоӣ 17-уми сентябр эълон хоҳанд шуд.

Баҳсҳо дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҳукумати Амрико ва Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ муваффақияти интихоботро ба мардуми Афғонистон табрик гуфтаанд.
XS
SM
MD
LG