Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи муҳоҷирон ба Саудия боз мешавад


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ созишнома дар мавриди ирсоли муҳоҷирони корӣ ба Арабистони Саудӣ имзо мешавад. Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохила навиштааст, созишномаи мазкур ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ бо Кумиссиёни милли таъмини ҷойҳои кории Арабистони Саудӣ ба имзо хоҳад расид. Хабаргузорӣ афзудааст, зимни сафари намояндаи ин кумиссиён дар моҳи июн барномаи ирсоли муҳоҷиронии кории тоҷик ба Арабистони Саудӣ таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG