Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Миллибанд аз рафтори Либия


Дейвид Миллибанд – вазири умури хориҷаи Бритониё, истиқболи расмии Абдул Басит Ал-Миқроҳӣ бомбгузори Локкербиро “амиқан нороҳаткунанда” хонд. Дейвид Миллибанд ҳамчунин рад кард, ки Ал-Миқроҳии беморро ба хотири беҳбуд бахшидан ба равобити Бритониёву Либия аз ҷумла барои манфиати ширкатҳои нафтии Бритониё дар Либия озод кардаанд. Басит Ал-Миқроҳӣ - афсари собиқи хадамоти амниятии Либияро баъди озод карданаш аз зиндони Шотландия рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Триполӣ Сайф Ал-Ислом – писари Муааммар Қаззофӣ - раҳбари Либия пешвоз гирифт. Раҳоии Миқроҳиро, ки ба бомбгузории ҳавопаймои ширкати Пан Американ дар соли 1988 гунаҳкор дониста ба ҳабси абад маҳкум шудааст, Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико "иштибоҳ" хонда, маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG