Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи имрӯзаи камонварӣ дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба вазъи имрӯзаи камонварӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Наргис Набиева, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон.

Қатли чанде пеши Йермек Сариков – муштзани қазоқистонӣ, яке аз дигар ҷиноятҳои зишти марбут ба варзиш дар қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ аст, ки даҳҳо варзишгарони бомаҳорати худро аз даст додаанд. Аммо дар ин ҳамлаҳои маргбор ва ҷиноятҳои созмонёфта худи варзишгаронро ҳам гунаҳкор медонанд, ки бо даромадҳои зиёд, фирефтаи зӯри бозу ва ё шӯҳрат мешаванд. Дар ин бора Тоҳири Сафар, ҳамкори мо аз Радиои Озодӣ, гузориш медиҳад.

Дар ин барнома, ҳамчунин хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ба шунавандагон пешкаш мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои майдонӣ дар пойтахти Олмон - шаҳри Берлин бо ширкати ҳудуди 2000 варзишгар аз 203 кишвар то 23-юми август идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқот якчанд рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Бахусус дастовардҳои варзишгари Ямайка Усейн Болт, қаҳрамони секаратаи Бозиҳои олимпӣ, қобили таваҷҷӯҳ аст. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 9,58 сония ва дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 19,19 сония ду рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.
Врқеъан, пас аз ҷамъбасти 6 рӯзи мусобиқот Ямайка бо касби 5 медали тилло, 2-нуқра ва 2-биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал аст.

Бо тасмими Кумитаи байнулмилалии олимпӣ бокси занона ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дохил шуд. Дар Олимпиадаи Лондон занон дар се вазн – то 51 кг, то 60 кг ва то 75 кг қувваозмоӣ хоҳанд кард. Инчунин 15 нафар аъзои кумитаи иҷроияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар Берлин тасмим гирифтанд, ки голф ва регби-7 ба барномаи Олимпиадаи соли 2016 дохил шаванд. Ин масъала дар иҷлосияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ авоили моҳи октябр дар пойтахти Дания - Копенгаген баррасӣ хоҳад шуд.

Шаҳри Харбини Чин тасмим гирифт, ки дар озмуни мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 ширкат меварзад. Дар мубориза барои ҳаққи мизбонии Олимпиадаи зимистонаи соли 2018, инчунин, Мунихи Олмон, Женеваи Швейтсария, Тромсеи Норвегия ва Пёнчанги Куриёи Ҷанубӣ иштирок хоҳанд кард.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG