Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми амрикоиҳо аз қарори раҳоии Миғраҳӣ


Амрикоиҳо ба қарори раҳоии танҳо нафари маҳкумшуда дар иртикоби парвандаи бомбгузории ҳавопаймои мусофирбари марбут ба ширкати амрикоии Пан Ам, ки соли 1988 бар асари суқуташ болои шаҳри Локкербӣ дар Шотландия 270 нафар кушта шуданд, бо хашм вокуниш нишон додаанд. Бештари қурбониҳои он бомбгузорӣ амрикоиҳо буданд.
Нафари маҳкум маъмури истихборотии Либия Абдулбосит ал-Миғраҳӣ дирӯз ба далоили башарӣ аз маҳбаси Шотландия раҳо ёфта, ба Либия баргашт. Мақомоти Шотландия мегӯянд, Миғраҳӣ бемории саратон дошта, аз умраш ҳамагӣ чанд моҳи дигар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG