Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷагиҳои пахтакор фақат 61 фоизи қарзҳоро додаанд


Абдукарим Неъматов, раҳбари шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб гуфтааст, хоҷагиҳои кишоварзии ин минтақа аз 27,5 миллион сомонӣ қарзе, ки давлат ба ин хоҷагиҳо дод, то ҳол танҳо чизе бештар аз 61 дарсадашро баргардондаанд. Ба гуфтаи оқои Неъматов, фақат бо тамдиди замони бозпардозти ин қарзҳо то 1 ноябр кишоварзон имкон пайдо карданд, қисме аз ин қарзҳоро баргардонанд.
Бо ин ҳол, бонкҳои тиҷоратӣ имсол низ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб ҳудуди 22 миллион сомонӣ вом додаанд, ки беш аз 20 миллионаш қарзи давлатист.
Аммо кишоварзони Кӯлоб дар айни замон аз хеле баланд ва миёншикан будани фоизи қарзҳои бонкӣ шикоят мекунанд ва мегӯянд, дар чунин шароит кори деҳқонӣ сӯде нахоҳад овард.
XS
SM
MD
LG