Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод феҳрасти ҳукуматашро пешниҳод кард


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, имрӯз номи 21 узви ҳукумати нави худро ба порлумон пешниҳод кард. Аъзои маҷлис ин номзадҳоро баррасӣ мекунанд ва рӯзи 30-юми август, раъйи эътимод медиҳанд. Дар феҳраст вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ дар вазифаи худ боқӣ монда, се зан ба мақоми вазирони омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ пешниҳод шудаанд. Агар ин номзадҳо дар порлумон тасдиқ шаванд, онҳо аввалин занони вазир дар ҳукумати Эрон хоҳанд буд дар давраи пас аз инқилоби исломии соли 1979. Тибқи хабарҳо сари номи бархе аз номзадҳо дар робита ба тазоҳуроти пасоинтихоботӣ баҳсҳои шадид сурат хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG