Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон имрӯз интихобот барпо мекунад


Имрӯз мардуми Афғонистон аз байни 32 номзад раисиҷумҳур интихоб мекунад. Ба хотири таъмини амнияти раъйгирӣ ва ҷилавгирӣ аз таҳдиди Толибон, ки гуфтаанд, интихоботро ба ҳам хоҳанд зад, даҳҳо ҳазор нирӯи амниятии маҳалливу хориҷӣ басиҷ шудаанд. Ҳомиди Карзай, ки аз замони суқути давлати Толибон дар поёни соли 2001 зимоми раҳбарии Афғонистонро дар даст дорад, ба хотири давраи дуввуми раёсат вориди мубориза шудааст. Як рақиби умдаи ӯ дар интихоботи имрӯза вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ дониста мешавад. Агар дар даври аввали раъйгирӣ касе ба беш аз нисфи оро даст наёбад, даври дуввум эҳтимолан дар моҳи октябр доир карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG