Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF мегӯяд, иқтисоди ҷаҳон рӯ ба эҳё овардааст


Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ҷаҳон аз марҳалаи пасрафти иқтисодӣ батадриҷ берун меояд, аммо эҳёи иқтисод назариёт ва иқдомоти тозаеро аз ҷониби иқтисодҳои бузурги дунё тақозо мекунад. Оливер Бланше, иқтисодшиноси аршади ин ниҳоди молӣ гуфт, бадтарин пасрафти ҷаҳон дар 70 соли охир захмҳои амиқи молие ба ҷо гузошт, ки барои солиён ба вазъи арзаву тақозо дар бозор таъсир хоҳад дошт.
Гузориши Сандуқи пул мегӯяд, кишварҳои аслии воридкунанда, ба мисли Амрико, бояд акнун дар андешаи афзоиши содироти мол шаванд ва кишварҳои Осиё, назири Чин, бояд баръакс мардуми худро ба харҷи бештар ташвиқ кунанд ва талаботро ба содирот боло баранд.
Бино бар ин гузориш, гумон аст, ки сарозер шудани сармоя ба бозорҳои дар ҳоли рушд дар зарфи солҳои наздик ба сатҳи то замони бӯҳрон баргардад.
XS
SM
MD
LG