Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсавӣ аз даъвои Каррубӣ пуштибонӣ кард


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусайни Мӯсавӣ, бино ба хабарҳо, аз даъвои Маҳдии Каррубӣ, ки мегуфт, бархе эътирозгарони боздоштшуда дар зиндон мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, ҳимоят кард. Мӯсавӣ дар номае ба Каррубӣ маъмурони иттилоотиро ба таҷовуз ва анвоъи дигари бадрафторӣ айбдор кардааст.
Каррубӣ дар авоили моҳ гуфта буд, бархе занону мардони ҷавон, ки дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботӣ боздошт шуданд, аз сӯи зиндонбонҳо таҷовуз шудаанд.
XS
SM
MD
LG