Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасии гурӯҳи марбут ба ҲИУ


Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи сешанбе, 18–уми август, ба бозбинии парвандаи як гурӯҳи 6-нафарӣ бо иттиҳоми мансубият ба ҲИУ шурӯъ кард.

Додоҷон Гадойбоев, додраси додгоҳи мазкур зимни баёни иттиҳомот алайҳи аъзои гурӯҳи мазкур гуфт, ки Анвар Қайюмов, Мусайямхӯҷа Шарифов, Мукаррамхӯҷа Шарифов, Абдумубин Турсунов, Сайфуллохӯҷа Охунов ва Мирсаид Юнусов – ҳамагӣ сокинони ноҳияи Исфара ба мансубият ба ҲИУ ва содири як идда ҷиноёти вазнин: куштори одамон, таъсиси иттиҳоди ҷиноятӣ ва иштирок дар он, дуздии силоҳи оташфишон, таҳия ва истифодаи асноди сохта мутобиқи асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор ҳисобида мешаванд. Парвандаи мазкур , ба гуфтаи раиси мурофиа, аз 25 ҷилд иборат аст.

Тафтишоти аввалияи додситонӣ ин афродро дар тарҳрезӣ ва роҳандозии ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар соли 2006, ки чанд афроди низомиву мулкӣ кушта бар ҷой гузошта буд, айбдор донистааст, вале айбдоршудагон ин иттиҳомотро бепоя хонда, радъ кардаанд.

Боздошти ин афрод дар авоили соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Бар пояи маълумоти додгоҳи Суғд, Анвар Қайюмов, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ӯро сарвари гурӯҳи ҲИУ дар Исфара меноманд, дар шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон дастгир ва дар моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ба гуфтаи додситонии Суғд, номбурда дар соли 1997 дар гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ таълимоти махсуси ҳарбӣ дида, сипас ба ҲИУ пайваст ва ба ҳайси раҳбари ин созмон дар вилояти Суғд ба шаҳри Исфара фиристода шуд.

Масъулини додситонии шаҳри Исфара мегӯянд, ки 6 узви гурӯҳи боздоштгардида аз солҳо қабл таҳти пайгард қарор доштанд.

Онҳо мегӯянд, аз соли 1997 то кунун 84 нафар сокини ин маҳалро мансуб ба ҲИУ дониста, барои боздошти онҳо ҷустори ҷиноӣ эълон кардаанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, то ҳозир 40 нафар аз ин афрод боздошт шуда, ҳудуди 15 нафар умдатан дар бархӯрдҳои мусаллаҳона ва даргириҳо бо неруҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG