Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахтачинӣ дар Тоҷикистон дертар оғоз хоҳад шуд


Дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки имсол мавсими пахтачинӣ бо андаке таъхир оғоз хоҳад ёфт. Сухангӯи ин вазорат Назруллоҳ Дадабоев гуфт, ба иллати обуҳавои номусоиди баҳори имсол мавсими ғунучини пахта на дар таърихи 20 август, балки дар авоили сентябр шурӯъ хоҳад шуд.
Имсол барои кишти пахта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 170 000 ҳектор замин ҷудо шуда буд, ки назар ба соли гузашта қариб 70 000 ҳектор камтар мебошад. Нақшаи имсолаи пахта ҳудуди 400 000 тонна баровард шудааст.
XS
SM
MD
LG