Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши созмонҳои расонаӣ ба вазъи «Имрӯз»


Созмонҳои расонаии Тоҷикистон дар робита ба қатъи барномаҳои радиои «Имрӯз» як изҳороти муштарак пахш кардаанд.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Иттиҳоди расонаҳои Тоҷикистон (МАТ) дар ин изҳороти муштарак аз қатъи пахши барномаҳои радиои мустақили «Имрӯз» изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардаанд, ки дар остонаи интихоботи порлумони Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2010 баргузор хоҳад шуд, ин кӯшишро ғайри қобили қабул мешуморанд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки сарфи назар аз сабабҳои қатъ шудани барномаҳои «Имрӯз», чунин амал аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нақзи озодии расонаҳои хабарӣ дониста шуда, боиси коҳиши обрӯи Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ин се созмони масоили васоити ахбори умуми Тоҷикистон аз ҷонибҳо даъват кардаанд, ки манофеи шахсӣ ва сиёсии худро сарфи назар намуда, дар чаҳорчуби қавонини ҷории Тоҷикистон масъалаи мавҷудро ҳал кунанд.

Барномаҳои радиои «Имрӯз» аз рӯзи 11–уми август комилан қатъ шудааст. Мақомоти шикрати саҳҳомии "Телерадиоком" гуфтаанд, қатъи барномаҳои "Имрӯз" ба иллати фаннӣ рӯй додааст. Вале раҳбарияти «Имрӯз» мегӯяд, сабаби қатъи барномаҳо аз сӯи мақомот талош барои садди роҳи фаъолияти ин радио шудан аст.
XS
SM
MD
LG