Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яҳудии исроилӣ узви Шӯрои инқилобии Фатҳ гардид


Барои аввалин бор созмони Фатҳи раҳбари фаластинӣ Маҳмуд Аббос як яҳудии исроилиро ба ниҳоди ҳокими ин созмон интихоб намуд. Урӣ Дейвис устоди ҷомеашинос дар донишгоҳи ал-Қудс буда, акнун узви Шӯрои инқилобии созмони Фатҳ низ шудааст. Дар солҳои шастуми қарни гузашта Дейвис бар муқобили ишғоли замини фаластиниҳо садо баланд карда буд. Ӯ дар соли 1984 ба Фатҳ шомил шуд. Бар пояи натиҷаҳои интихоботи Шӯрои инқилобии Фатҳ, ки имрӯз нашр шудаанд, чор насронӣ ҳам соҳиби курсӣ дар Шӯрои инқилобии ҷумбиши ҳокими фаластиниҳо гардидаанд
XS
SM
MD
LG