Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи арабҳо барои фишор ба Исроил


Кишварҳои арабӣ аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, то Исроилро маҷбур кунад, ки таъсисоти атомиашро ба рӯи нозирони байналмилалӣ боз намояд. Хабаргузории “Ассошиейтед Пресс” мегӯяд, бо ҳамин мазмун Амр Мӯсо – дабири кулли Лигаи кишварҳои арабӣ ба Карл Билдт - вазири умури хориҷаи Шветсия раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо номае фиристодааст. Дар ин нома аз Шветсия хостаанд, дар нишасти солонаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз қатъномаи кишварҳои арабӣ ҳимоят кунад. Агарчӣ Исроил ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст, вале бовар меравад, ки он кишвар бомби атомӣ дар ихтиёр дорад. Кишварҳои арабӣ дар гузашта ҳам талош кардаанд, то Исроил ба Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ пайваста ва таъсисоти атомиашро барои таҳқиқи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ боз кунад.
XS
SM
MD
LG