Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пурқурбонии чирикиҳо дар Доғистон


Як гурӯҳи силоҳбадаст дар ҷумҳурии Доғистони Русия 4 афсари пулис ва 7 занро ба қатл расондааст. Ин ҳамлаҳо наздикиҳои шом дар ноҳияи Буйноқ сурат гирифт. Силоҳбадастон ибтидо афсарони пулисро кушта, сипас ба як саунаи воқеъ дар он наздикӣ ҳамла оварданд ва қабл аз фирор 7 зани ҷавонро дар он ҷо куштанд. Ҳамин тавр, аз роҳи оҳане, ки пойтахти Доғистон, шаҳри Махачқалъаро бо Боку, пойтахти Озарбойҷон мепайвандад, як бомб кашф шуда, фаъолияти ин роҳи оҳан ба хотири хунсо кардани ин бомб то рӯзи ҷумъа муттаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG