Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD соҳиби саҳмияҳои Агроинвестбонк шуд


Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеа (EBRD) 25 дарсади саҳмияҳои Агроинвестбонки Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Ниёзмурод Саидмуродов, раиси Агроинвестбонк дар ҷараёни имзои мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеа гуфт, ин қарордод натиҷаи 5 соли ҳамкории муваффақона байни ду бонк аст. Ҷаноби Саидмуродов гуфт, тавони молӣ ва ё сармоягузории Агроинвестбонк ба 132 миллион сомонӣ расидааст.

Агроинвестбонк аз лиҳози тавони молӣ дуввумин бонки тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва аслан фаъолияти ин бонк басармоягузории корхонаҳои миёнаву кӯчак ва бахши кишоварзӣ ихтисос дорад. Ва имсол низ бахши қобили мулоҳизаи иттиҳодияҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд ва Хатлонро сармоягузорӣ кардааст.

Пас суоли аслӣ ин аст, ки ба чӣ далел Агроинвестбонк 25 дарсади саҳмияҳои умумии худро ба Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеа фурухтааст? Ва Агроинвестбонк аз ин муомилот чӣ суде ба даст меорад?

Баҳром Шарифов, сармушовири раиси Агроинвестбонк, дар посух ба ин суол ба радиои Озодӣ гуфт, «Саҳми Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеа, ки аз Агроинвестбонк харидааст дар тақвияти эътибори бонки мо дар арсаи байнулмилалӣ кӯмак мекунад. Ин ба мо имконият фароҳам месозад, ки бо созмонҳои байнулмилалии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунем ва қарзҳои дарозмуддати боимтиёзро ба даст орем. Ин ба нафъи муштариёни бонк хоҳад буд».

Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, ин муомила як гоме дар тақвияти эътибори Агроинвестбонк бошад, гоми баъдӣ дар роҳи ҳифзи сармояҳои муштариёни бонк ва умуман дороиҳои бонк хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир Агроинвестбонк гуфтугӯҳоро дар бораи суғуртаи дороиҳои ин бонк ва муштариёнаш бо яке аз ширкатҳои маъруфи бимаи бритониёӣ идома медиҳад ва қарор аст дар моҳҳои наздик ҳамчунин қарордоде ба имзо бирасад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ба ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои хориҷӣ бо назардошти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ, ки ба фаъолияти бонкҳо рабт дорад, чандон алоқаманд нестанд.

Аммо Раҳмон Улмасов, муовини раиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ба ин иддаоҳо розӣ нест. Ва дар шароити феълии ҷаҳонишавии иқтисод чунин ҳамкориҳоро ногузир ва ба нафъи Тоҷикистон медонад.

Ҷаноби Улмасов гуфт, «ин муомилот барои Тоҷикистон як қадами нав аст, вале дар ҷаҳон як чизи маъмулист. Ба назари ман, дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод ба нафъи кишвари мост».

Ба гуфтаи мақомоти Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеа, Агроинвестбонк дуввумин бонки Тоҷикистон аст, ки саҳмияҳои худро дар ихтиёри ин бонк қарор додааст. Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеақаблан бахше аз саҳмияҳои бонки Эсхатаи Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG