Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони Бурҳонуддини Раббонӣ


Дар вилояти Кундуз ба ҷони президенти собиқи Афғонистон, Бурҳонуддини Раббонӣ, сӯиқасд сурат гирифтааст.

Ҷаноби Раббонӣ аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд, аммо ду корманди полис, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дар даргирӣ бо ҳамлаварон кушта шудаанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ситезаҷӯёни марбут ба Толибон дар ҷодаи Алиободи вилоятии Кундуз ба мошинҳои Раббонӣ ҳамла карданд, аммо бар асари оташи ҷавобии муҳофизони Раббонӣ се нафари онҳо кушта ва бақия майдонро тарк кардаанд.

Президенти собиқи Афғонистон, Раббонӣ, ки ҳоло узви маҷлиси қонунгузор аст, ба ин минтақа барои таблиғи номзади раёсатҷумҳурии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки рақиби асосии президенти феълӣ Ҳомид Карзай мебошад, сафар карда буд ва ҳамла ҳангоми бозгашти ӯ ба зодгоҳаш ба вуқӯъ пайваст.

Намояндаи Толибон ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст, ки ин ҳамла аз тарафи ҷумбиши мазкур тарҳрезӣ ва иҷро шудааст.

Бо наздик омадани интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи 20-уми август баргузоор мешавад, нооромиҳо дар ин кишвар рӯ ба афзоиш дорад.
XS
SM
MD
LG