Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони Бурҳониддини Раббонӣ


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, Бурҳониддин Раббонӣ - раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар имрӯз аз як ҳамлаи ғофилгиронаи Толибон ҷон ба саломат бурдааст. Ҷангҷӯёни Толиб бо истифода аз норинҷакандоз ва силоҳҳои дигар ба мошини Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар як роҳи ноҳияи Алиобод ҳаракат мекардааст, ҳамла бурдаанд. Ин ҳамла дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳур ва маҷлисҳои маҳаллии Афғонистон сурат гирифт, ки Толибон қавл додаанд, онро баҳам мезананд. Бурҳониддин Раббонӣ - як тарафдори муҳими Абдулло Абдулло - номзад ба мақоми раиси ҷумҳур ва рақиби аслии Ҳомиди Карзай аст.
XS
SM
MD
LG