Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО ба Косово меравад


Андерс Фог Расмуссен - дабири кулли нави НАТО, имрӯз дар нахустин сафари расмиаш ба Косово хоҳад рафт. Ба иттилоъи расмии ин паймон, дабири кулл бо Фатмир Сейду - раиси ҷумҳур, Ҳошим Тачӣ - нахуствазири Косово ва раҳбари нерӯҳои ҳомии сулҳи НАТО дар ин минтақа дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Андерс Фог Расмуссен, ки аввали ҳамин моҳ ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ кард, гуфтааст, ки коҳиши тадриҷӣ ва ихроҷи комили нерӯҳои ҳомии сулҳи НАТО аз Косово аз авлавиятҳои кори ӯ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG