Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсавӣ аз "додгоҳҳои намоишӣ" интиқод кард


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусайни Мӯсавӣ дар баёнияе, ки дар сомонаи интернетиаш нашр кард, гуфт, “додгоҳҳои намоишӣ” алайҳи ислоҳталабон ва хабарнигорон танҳо ба фоидаи хориҷиён хидмат мекунад. Мӯсавӣ суол гузошта, ки “оё чӣ ба нафъи хориҷиҳо хидмат мекунад: ҳаракати эътирозии мардум, ки бар асоси Қонуни асосист, ваё додгоҳҳои намоишӣ, ки дар он бачаҳои инқилоб дар баробари афроди манфур ва дурӯя қарор мегиранд?” Намояндаи дигари мухолифин Маҳдии Каррубӣ низ ахиран гуфт, ки бархе аз занон ва мардони дар ҷараёни эътирозҳо боздоштшуда дар зиндон мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG