Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ иттиҳоми таҷовузи маҳбусонро рад кард


Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон иттиҳоми таҷовуз ба номуси афроди боздоштшуда дар иртибот бо эътирозҳои баъди интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро такзиб кард. Алии Лориҷонӣ мегӯяд, таҳқиқи гурӯҳи вакилони мардумӣ ҳеҷ ҳақиқатеро дар айбномаи раҳбари мухолифин Маҳдии Каррубӣ пайдо накард. Рӯзи якшанбе Каррубӣ гуфта буд, ки дар зиндонҳои кишвар ба номуси баъзе афроди боздоштшуда дар иртибот бо эътирозҳои баъди интихоботӣ таҷовуз сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG