Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Паёми Медведев "султаҷӯёна" аст


Як мансабдори баландпояи украинӣ лаҳни паёми президенти Русия Дмитрий Медведевро "султаҷӯёна" унвон додааст. Вера Илянченко ёвари воломақоми президенти Украина Виктор Юшенко мегӯяд, дар паёми худ Медведев раҳбарони Украинаро "зидди рус" номидааст. Илянченко меафзояд, ҳадафи паёми Медведев на Юшенко, балки тамоми кишвар аст.

Ин аввалин аксуламали Украина ба паёми Медведев аст, ки рӯзи сешанбе дар сомонаи президенти Русия ба табъ расид. Дар ин паём Медведев раҳбарияти кунунии Украинаро ҳамчунон масъули сардшавии равобити миёни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, динӣ ва таърихӣ арзёбӣ намуда, кӯшишҳои вуруди Украина ба паймони НАТО-ро хотирнишон кардааст.

Медведев тасмим гирифтааст, ирсоли сафири нави Русия ба Украинаро то замони беҳбуди равобити миёни ду кишвар ба таъхир гузорад.
XS
SM
MD
LG