Пайвандҳои дастрасӣ

Шабнам: Аз сафари Канада бисёр хурсандам


Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик

Шабнами Сурайё, ки бо як сафари ҳунарӣ дар Канада ба сар мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, консертҳои ӯ дар ин ҷо гарм истиқбол шудаанд.

Ба гуфтаи Шабнам, ин консертҳо дар шаҳрҳои бузурги Монреал ва Ванкувери Канада, ки дорои ҷамъиятҳои тоҷикон, афғонистониҳо ва эрониён мебошанд, баргузор шудаанд.

Ва ҳамчунин тайи рӯзҳои наздик барномаи навбатии консертии овозхони шинохташудаи тоҷик бо кӯмаки ширкатҳои мусиқии "Шерзод Энтертаймент" ва "Даф Энтертаймент" дар шаҳри Торонто баргузор хоҳад шуд,

Шабнами Сурайё дар бораи сафари ҳунарӣ ва таассуроти худ дар сӯҳбате бо Мирзои Салимпур, хабарнигори радиои Озодӣ, нақл кард.

Барои шунидани ин сӯҳбат гӯшаи «Чандрасонаӣ»-ро нохун занед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG