Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хост


Ба хотири рафъи хасороти борону обхезиҳои моҳҳои апрел ва май ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои хайрия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маблағи 7,7 миллион доллар кумак дархост намудааст. Боронҳои селу лойқа ҳаёти 26 сокини ҷумҳуриро аз байн бурд. 3000 каси дигар аз хонаву дар маҳрум шуданд. Боронҳои пай дар пай, ки шаш ҳафта идома кардаанд, 2000 манзили зист, мактаб, шифохона ва биноҳои маъмуриро асосан дар ноҳияҳои Хуросону Ҳамадонии вилояти Хатлон тахриб намудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои кумакрасон муваффақ шуданд, ки ба зудтарин фурсат мардуми манотиқи офатзадаро бо хаймаву ғизо ва кумаки таъҷилии тиббиву оби ошомиданӣ таъмин намоянд. Вале ҳанӯз ҳам садҳо оила дар хонаҳои хешу наздиконашон ба сар мебаранд.

Дар ин изҳороти муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои хайрия гуфта мешавад, ки то моҳи декабр, яъне то фарорасии фасли сармо 2000 нафар бояд бо манзили зист таъмин шаванд.

Пуле, ки муаллифони изҳорот дархост намудаанд, барои сохтмони муассисаҳои тиббиву таълимӣ ва дастрасии тахминан 20000 нафар ба оби поки ошомиданӣ масраф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG