Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби дабири кулли СММ аз мақомоти Мянмар


Бан Гӣ Мун, дабири кулли СММ
Бан Гӣ Мун, дабири кулли СММ

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз мақомоти Мянмар, талаб кард, ки раҳбари демократҳои он кишвар Аунг Сан Су Чиро фавран озод кунанд.

Ин изҳороти Бан Ги Мун баъд аз он садо дод, ки додгоҳи Мянмар мӯҳлати ҳабси хонагии сарвари мухолифинро боз ба 18 моҳи дигар тамдид намуд.

Баъд аз муҳокимаи парвандаи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел қозии додгоҳ вайро дар нақзи шароити ҳабси хонагӣ гунаҳкор донист. Моҳи май як шаҳрванди Амрико, ки мушкили равонӣ доштааст, бидуни даъват вориди манзили Аунг Сан Су Чӣ шуд. Ин амрикоӣ шинокунон кӯли назди хонаи Сан Су Чиро гузашта, вориди манзили ӯ шуд.

Бан Гӣ Мун ҳукми додгоҳро шадидан маҳкум намуд ва аммо Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ба ин қарори додгоҳи Мянмар бо рӯи даст гирифтани чораҳои иловагӣ бар муқобили режими низомии он кишвар посух хоҳад дод.

Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гибс низ Мянмарро барои ҳукми содиршуда мавриди интиқод қарор дод. Интизор меравад ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар робита ба сарнавишти Сан Су Чи як баёнияи вижа интишор кунад.

Сан Су Чи дар давоми 20 соли охир наздики 14 солро дар ҳабси хонагӣ сипарӣ намудааст. Тамдиди мӯҳлати ҳабси хонагиаш ба вай иҷозат нахоҳад дод дар интихоботи кишвараш ширкат намояд. Режими низомии Мянмар ваъда додааст, ки соли оянда ин интихоботро баргузор кунад.

Шаҳрванди амрикои бо мушкилиҳои равонӣ дар охирҳои моҳи май кӯли бузургро убур карда нохонда вориди манзили Сан Су Чи гашт, ва режими низомии кишвар аз ин ҳодиса истифода бурда алайҳи ин шахсияти демократӣ иттиҳомоти нав эълон кард.

Сан Су Чи, раҳбари демократҳои Мянмар, 14 сол аст, ки дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад
Муҳокимаи парвандаи Сан Су Чи се моҳ тӯл кашид ва саранҷом додгоҳ вайро дар нақзи шароити ҳабси хонагӣ гунаҳкор донист. Шиновар дар манзили Сан Су Чӣ ду руз ба сар бурда буд.

Телевизиони давлатии Мянмар дар бораи ҳукми ҷадиди Сан Су Чи чунин хабар дод: “Дар мавриди парвандаи мулоқоти махфиёнаи шаҳрванди хориҷӣ бо Аунг Сан Су Чи додгоҳ ба чунин қарор расид. Онҳо (Сан Су Чи ва хонумоне, ки ҳамроҳаш
ба сар мебаранд) ба се соли зиндон маҳкум шуданд. Ин муҷозот ба Су Чи ва хидматгоронаш дахл дорад. Бо амри Шӯрои Сулҳ ва Рушди давлатӣ таҳти раҳбарии генерал Тан Шви ин муҷозот ба яку ним сол коҳиш дода шуд.”

Ин ҳукм маънои онро дорад ки барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел боз ба муддати якуним соли дигар аз саҳнаи сиёсии кишвар дур хоҳад монд ва дар интихоботи саросарӣ, ки бояд соли оянда доир шавад, ширкат нахоҳад кард.

Додгоҳ парвандаи Ҷон Йетави 53-сола - шиновари амрикоиро низ дирӯз баррасӣ намуда, вайро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҷон Йетав гуфт, хоб дидааст, ки гӯё террористон мехоҳанд Сан Су Чиро ба қатл расонанд. Ва барои огаҳ кардани вай кӯлро убур карда ба манзилаш даромад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҷримшудани Су Чи вокуниши билофосила нишон дод. Ҳамин тавр дар Бангкок ва дигар шаҳрҳои Осиёи ҷануби раҳпаймоиҳои эътирозӣ бо талаби раҳоии Сан Су Чи ба амал омаданд.

Нахуствазири Британиё Гордон Браун аз шурои Амнияти СММ даъват намуд, ки алайҳи Мянмар таҳрими аслиҳа эъмол кунад.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ аз Иттиҳодияи Аврупо хост бо руи даст гирифтани таҳримҳо алайҳи режими низомии Мянмар вокуниши сареъ нишон диҳад. Саркозӣ гуфт ки бояд ба соҳаи чуббарорӣ ва лаълфурӯшии он кишвар фишор овард.

Вазири корҳои хориҷаи Малайзия Ҳанифа Амон бо изҳори нороҳатӣ аз ҳукми додгоҳ гуфт, кишвараш хостори даъвати ҳарчи зудтари нишасти кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ё АСЕАН шудааст.
XS
SM
MD
LG