Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори тоҷик, ки дар Узбакистон боздошт шудааст, аз норавшании сарнавишташ изҳори нигаронӣ мекунад.

Ӯ қаблан ҳангоми бозгашт аз Русия тавассути хоки Узбакистон дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар боздошт шуд.

Шӯҳрат Шодиев дар сӯҳбате бо радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони мақомоти узбак асноди ӯ ва ду ҳамроҳашро гирифтаанд ва онҳо ҳоло дар як манзили шахсӣ дар шаҳри Нуқуси ин кишвар ба сар мебаранд.

Мақомоти интизомии узбак далели боздошти рӯзноманигори тоҷикро то ҳол тавзеҳ надодаанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Шодиев, ҳангоми боздошт аз борхалтаи ӯ нашрияҳои тоҷикӣ, китоби Қуръон ба забони русӣ ва якчанд диску наворро мусодира кардаанд.

Оқои Шодиев аз вазъи сиҳҳатии худ шикоят кард ва гуфт, ба мақомоти марбутаи ин кишвар барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст ва ҷавоби мусбӣ нагирифтааст.

Барои шунидани сӯҳбати Шӯҳрат Шодиев ба гӯшаи “Чандрасонаӣ”-и саҳифа нохун занд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG