Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай роҳи оштӣ бо Толибон ва Ҳикматёрро меҷӯяд


Раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 20 август ҷангиёни Толибон ва Гулбуддини Ҳикматёрро ба як Лоя Ҷирга даъват хоҳад кард. Карзай дар интихоботи рӯзи 20 август бо 40 номзади дигар ба хотири дарёфти давраи дуввуми раёсат вориди мубориза шудааст.
Тибқи як назархоҳии анҷомшуда, Карзай дар байни номзадҳо пешсаф аст, вале эҳтимоли даври дуввум баъид ба назар намерасад. Тибқи назарсанҷии як ширкати амрикоӣ, аз Карзай 45 дарсади мардум ва аз рақиби аслии ӯ доктор Абдуллоҳ 25 дарсад пуштибонӣ мекунанд. Мизони ҳимоят аз вазири собиқи план Рамазон Башардӯст- 9 фоиз ва аз вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай 4 дарсад будааст. 37 номзади дигар, тибқи ин назархоҳӣ, дар маҷмӯъ ҳамагӣ 17 дарсад ҳимояти мардумро дар даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG