Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобат ва даргирӣ миёни раҳбарони Толибон


Дар бораи даргирӣ миёни ду гурӯҳи ба ҳам рақиби Толибони Покистон ва марги яке аз раҳбарони Толибон дар ин кишвар хабарҳои зидду нақиз мерасад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин задухурд яке аз раҳбарони гуруҳи Толибон кушта ва ё сахт маҷруҳ шудааст. Бино бар ин хабарҳои тасдиқношуда, Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ва Валиурраҳмон барои интихоби раҳбари собиқи Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд гирди ҳам омада буданд. Гуфта мешавад, ки Байтуллоҳ Маҳсуд дар натиҷаи зарбаи мушакии Амрико ҳафтаи гузашта дар манзили падарарӯсаш ҳамроҳ бо ҳамсари дуввумаш кушта шуд.

Ҳам Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ва ҳам Валиурраҳмон аз номзадҳои аслӣ барои гирифтани ҷои Байтуллоҳи кушташуда маҳсуб мешуданд. Номзади эҳтимолии севвум яке аз фармондеҳони ошубгарон Азаматуллоҳ ба ҳисоб меравад.

Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик ба шабакаи телевизиони маҳаллӣ иттилоъ дод, ки мақомот хабарҳо дар бораи кушташудани яке аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Байтуллоҳ Маҳсудро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Вай афзуд, ки ҳоло дурустии ин хабар таҳқиқ шуда истодааст. Раҳмон Малик гуфт, барои таъйиди хабар бояд ягон далели боэтибор ба даст оварда шавад, назири ҷасадҳо ё ин ки намунаҳои ДНК.

Вазири умури дохилаи Покистон гуфт, ки тибқи тахминҳо, тирпарронӣ рӯзи ҷумъа, 7 август, дар як минтақаи дурдасти Вазиристон рух додааст. Аммо манбаъҳои Толибон ин хабарҳоро рад карда эълом намуданд, ки миёни дастаҳои мухолифи ҷунбиш ягон даргирии дохили ба амал наомадааст.

Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, Валиурраҳмон аз як макони номаълум ба хабарнигори Ройтерс тамос гирифта гуфтааст, ки вай ва рақибаш зиндаанд. Валиурраҳмон гуфт, ки барои интихоби раҳбари нав ягон нишаст баргузор нашуда буд.

Дар айни замон дар гузоришҳо марбут ба марги Байтуллоҳ Маҳсуд норушании зиёд боқӣ мемонад. Мақомоти Покистон мегуяд, ҳамаи далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Маҳсуд кушта шуд, аммо фармондеҳони Толибон ин гузоришҳоро такзиб мекунанд ва мегуянд, ки ҳукумат тақаллуб кардааст.

Кохи Сафед низ гуфтааст, тақрибан рӯшан шуд, ки ҳамлаи мушакии нирӯҳои Амрико бо ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд анҷом ёфта, ҳалокати раҳбари Толибони Покистон ба навбаи худ алакай мунҷар ба мубориза барои касби қудрат дар дохили ин гурӯҳи ошӯбгар шудааст.

Дар сӯҳбатҳои телевзизионӣ, мушовири маъмурияти Амрико дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс гуфт, мақомоти амрикоӣ “90 дарсад” мутмаинанд, ки Маҳсуд дар асари ҳамлаи рӯзи чоршанбе, 5 август, ба ҳалокат расидааст.

Аммо Ҷонс гуфт, ки ӯ хабари кушта шудани боз як фармондеҳи муддаии курсии раҳбарии Толибон дар натиҷаи мубориза барои қудрат дар дохили ин гурӯҳро таъйид карда наметавонад. Аммо ӯ афзуд, ки дар байни раҳбарони Толибон акнун ихтилофи назар дида мешавад.

Бо ин ҳол, мардуми оддӣ дар кучаҳои Исломобод мегуянд, ки хабарҳои зидду нақиз дар бораи сарнавишти раҳбари Толибон онҳоро сардаргум кардааст. Муҳаммад Иршод, корманди як ширкати телефонӣ, гуфт, ки дар ин маврид мутмаъин будан ғайри имкон аст.

Муҳаммад Иршод афзуд, “баъзеҳо мегӯянд, вай зинда аст, дигарон мегӯянд, ки вай мурдасст. Рӯзномаҳо менависанд, ки вай кушта шуд, мо гаранг шуда намедонем, ки чӣ мегузарад. “

Муҳаммад Ҳофиз, ходими як бонк, гуфт, бовар надорад, ки марги кадоме аз ду раҳбари Толибон вазъро тағйир диҳад. Вай афзуд, “ба бовари ман, то замоне ки терроризм дар кишварамон тамоман несту нобуд нашавад, то замоне ки решаҳои онро канда нагиранд, агар мо кӯшиш кунем, ки як Байтуллоҳ Маҳсудро аз байн барем, дар ивазаш боз даҳ Байтуллоҳ Маҳсуди дигар пайдо хоҳад шуд.”

Маҳсуд, ки Амрико онро аз омилони калидии шабакаи Ал-Қоида мехонд ва дар баҳои сараш як ҷоизаи 5 миллион доллар низ таъйин карда буд, аз ҷониби Покистон дер боз мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Исломобод низ ба ин манзур қаблан 600 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар карда, Маҳсудро дар ташкили сӯиқасд ба ҷони нахуствазири собиқ Бенназир Бхутто дар поёни соли 2007 муттаҳам мекард, аммо Маҳсуд ин иттиҳомро қатъиян рад мекард.
XS
SM
MD
LG