Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи як фармондеҳи гурӯҳи Толибон


Як фармондеҳи Толибон дар Покистон, ки гуфта буданд, дар муноқишае барои фармондеҳӣ рақибашро куштааст, вуқӯъи чунин ҳодисаро рад карда, гуфтааст рақибаш ҳам зинда аст. Раҳмон Малик - вазири умури дохилаи Покистон, рӯзи якшанбе эълом кард, ки ду фармондеҳи Толибон Валӣ Ур-Раҳмон ва Ҳакимуллоҳ Маҳсуд дар муноқишае барои ба даст гирифтани фармондеҳӣ ба сӯи ҳам тирандозӣ кардаанд ва яке аз онҳо кушта шудааст. Аммо хабаргузории “Ройтерс“ аз қавли Валӣ Ур-Раҳмон навиштааст, ки чунин ҳодисае набуд. Дар гузоришҳои аввалия гуфта мешуд, ки ин ду фармондеҳ барои гирифтани мақоми фармондеҳи Толибон Байтуллоҳ Маҳсуд, ки бовар меравад дар ҳамлаи мушакии Амрико кушта шудааст, бо ҳам муноқиша кардаанд.
XS
SM
MD
LG