Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Медведев ба сарбозони Русия


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа ба теъдоде аз сарбозоне, ки соли гузашта ба зидди Гурҷистон ҷангиданд, нишон тақдим кард ва гуфт, раҳбарони Гурҷистон барои оғози он ҷанг "подош" хоҳанд хоҳанд гирифт. Рӯзи ҷумъа аз ҷанги кӯтоҳи Русияву Гурҷистон бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ як сол пур шуд. Дмитрий Медведев ҳамчунин дар шаҳри Владикавказ ба сарбозон гуфт, Русия қарораш дар мавриди эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳайси кишварҳои мустақилро тағйир нахоҳад дод. Дар як номаи алоҳидае ба унвони Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса Дмитрий Медведев ҳамчунин ба вай барои ба қавли Медведев “нақши бузургаш” барои хотима додан ба ҷанги панҷрӯза сипосгузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG