Айрин Кан, дабири кулли Созмони афви байнулмилал, дар як баёнияе гуфтааст, ки ин созмон тайи панҷоҳ рӯзи баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дасти кам иҷрои ҳукми қатли 115 нафар дар ин кишварро сабт кардааст.
Дабири кулли Созмони афви байнулмилал бовар дорад, ки афзоиши шумори эъдомҳо дар Эрон дар пайи тазоҳуроти эътирозии мухолифин ва боздошти садҳо нафар эътирозгарон сурат гирифтааст.
Натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 12-уми июн дар Эрон, ки тибқи онҳо Маҳмуди Аҳмадинажод дубора дастболо шуд, боиси эътирози садҳо ҳазор мухолифин гардид. Бар асари бархурди шадиди нерӯҳои амниятии Эрон бо эътирозгарони мухолифин 20 нафар кушта ва қариб 2 000 нафар боздошт шудаанд.
Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни нооромиҳои баъд аз интихоботи Эрон ба маротиб бештар аз арқоми расмист.
Созмони Маъракаи байнулмилалӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон гуфтааст, ки фақат рӯзи 20 июн бар асари бархурди низомиён бо тазоҳуротгарон ба бемористонҳои Теҳрон дасти кам 34 ҷасади қурбониён интиқол дода шудааанд.
Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ҳам бовар дорад, ки бар асари саркӯбшавии намоишҳои эътирозӣ аз сӯи ҳукумат тақрибан 100 нафар кушта шудаанд.