Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Мақомоти вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз дар шаҳри Душанбе чаҳор санади расмӣ имзо кардаанд.

Аз ҷумла ду санад дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳамкории хадамоти махсуси Тоҷикистону Қирғизистон. Ин санадҳо дар поёни нишасти нахустини шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.

Ин нишаст ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, сафҳаи тозаеро дар таърихи равобити хориҷии ду кишвар боз мекунад. Ба гуфтаи вай, зимни гуфтӯгу, ду тараф масоили васеъи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиро баррасӣ карда ва дар тамоми масоил ба созиш расидаанд.

Қодирбек Сарбоев - вазири умури хориҷии Қирғизистон, гуфтааст, мулоқот ба густариши муносибатҳои дуҷониба такони дигар додааст. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз имконоти азиме бархӯрдоранд, ки барои рушди ду кишвар ва таъмини ҳаёти осоиштаи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG