Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қатори тундсайри шарқӣ"


Намозгузории як мусофири қатори Душанбе -Маскав
Намозгузории як мусофири қатори Душанбе -Маскав

Бахшҳои якуму дуввуми гузориши видеоии Радиои Озодӣ бо номи «Қатори тундсайри шарқӣ» аз рӯзгори мардуми тоҷик ва мушкилоти рафтуомади муҳоҷирон дар қатори Душанбе-Маскав, дар Интернет нашр шуд.

Тобистони соли равон хабарнигорони бахши русии радиои Озодӣ Мӯъмин Шокиров ва Александр Кулигин бо қатори Душанбе- Маскав аз Осиёи Марказӣ ба Маскав сафар карданд. Ин хабарнигорон бо пушти сар гузоштани беш аз 4000 километр роҳ, тайи чор шабонарӯз мушкилоти хати сайри поезд аз тариқи Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон то вокзали Қазони Маскавро ҳамроҳ бо муҳоҷирон дар шахси худ таҳаммул карданд.

Бахши аввали филм аслан аз рӯзгори мардуми тоҷик, дидгоҳи онҳо дар бораи муҳоҷират ва каму беши рӯзгори онҳо ҳикоят мекунад. Бахшҳои дигари он мушкилоти сафари хабарнигорони радиои Озодӣ ва 4 муҳоҷири кории тоҷикро аз вокзали Душанбе то вокзали Қазони Маскав намоиш медиҳад. Ҳар ҳафта ду бахши он намоиш дода мешавад. Ҳар бахш 6 дақиқа тӯл дорад.

"Восточный экспресс"-1
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:44 0:00


Муаллифи филм Мӯъмин Шокиров мегӯяд: “Ҳадафи ман дар чаҳорчӯби жанри синамоӣ намоиш додани чеҳраи инсонии
Ҳадафи ман намоиш додани чеҳраи инсонии мардуми муҳоҷир аст, чаро ки мардуми бумӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷику узбак дар Русия пиндори иштибоҳӣ доранд.
мардуми муҳоҷир аст, чаро ки мардуми бумӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷику узбак дар Русия пиндори иштибоҳӣ доранд.


Санавбар Шерматова, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва узви Шӯрои коршиносони оҷонси РИА Новости, ки филмро тамошо кардааст, мегӯяд: “Муаллифон навори муносибе таҳия кардаанд ва филм воқеъияти рузгори мардумро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар роҳи муҳоҷират намоиш медиҳад. Манзараҳо ва қаҳрамонони филм ҳама табиӣ ва зебоянд.”

Наворбардори филм Александр Кулигин мегӯяд: “Барои ман муассир он буд, ки муҳоҷирон пеш аз сафар маъракаи хайрбод меороянд ва наздиконашон онҳоро бо оби дида гусел мекунанд, ҳамон гуна ки вақти аскаригирӣ модарони мо мегиристанд. Бардошт аз маросими гусели муҳоҷирон ин аст, ки мисле ки ба ҷабҳа мераванд ва на ҳар кас аз ҷабҳа бармегардад ва ё шикорчие ё бо сайд ба хона меояд ва ё бо дасти холӣ. Манзараи омодагии Чамшед ном ҷавон аз яке аз деҳаҳои ҳошияи Душанбе ба ҳамин монанд аст. Барои Ҷамшед тӯшаи роҳ - кулча ва гӯшт пухтаанд. Мӯсафедон ба вай дуои роҳи сафед медиҳанд. Дар лаби дӯкон покашол нишастааст. Ҳамсараш дар паҳлуяш нишаста мегӯяд, “рафтӣ, мабодо зан нагирӣ.”

Муаллифи филми «Қатори тундрави Машриқ» Мӯъмин Шокиров зодаи шаҳри Душанбе, хатмкардаи донишгоҳи давлатии синамогарии Русия ва аз соли 1994 хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ дар Маскав аст.

"Восточный экспресс"-2
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:10 0:00


XS
SM
MD
LG